ООО "Ребус"

Таҳияи барномаҳои веб ва порталҳо

Имрӯз аксарияти ширкатҳое, ки дар соҳаи муайяни фаъолият хизматрасонӣ пешниҳод мекунанд, вебсомонаи шахсии худро доранд ва ин алакай ба як зарурат табдил ёфтааст. Азбаски шабакаи ҷаҳонии интернет хеле босуръат рушд мекунад, шумораи бештари одамон ба ҷустуҷӯи маълумоти зарурӣ рӯ ба он меоранд. Дар шабакаи интернет тақрибан ҳеҷ як соҳаи фаъолияти инсон, ки оид ба он маълумот пешниҳод карда нашавад, боқӣ намондааст. Бинобар ин, вебсомонаҳо имрӯз хеле маъмуланд ва дар ояндаи наздик – бидуни онҳо бо касе муносибати корӣ намудан, ғайриимкон хоҳад буд. Дилхоҳ сомона варақаи боздиди шахс, ширкат, ташкилот, новобаста аз кадом функсияҳо иборат аст, ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, раванди ташкили сомона бояд ниҳоят ҷиддӣ бошад. Дар ташкили сомона нақши асосиро на танҳо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба услуби Шумо, балки қобилияти истифодаи захираҳо (яъне истифодаи он то чӣ андоза қулай аст) низ мебозад.

Ширкати мо ба сохтани ҳама гуна сомонаҳо машғул ҳаст, яъне аз соддатарин сомонаҳои кортҳои шиносномавӣ то шабакаҳои иҷтимоӣ, порталҳои иттилоотӣ ва сомонаҳои дигар бо функсияҳои ғайримуқаррарӣ. Раванди таҳия дар ширкати мо барои муштарӣ фаҳмо ва шаффоф аст, марҳилаҳои фосилавии таҳияро дар тафсири озмоишии сомона инъикос медиҳем. Муштарӣ рафти таҳияро мушоҳида намуда, имконияти фавран вориднамоии ислоҳ ва тағйиротро дорад.

Мо ба беҳсозӣ ва пешбурди вебсомонаҳо машғулем. Барои он ки сомонаи шумо дар рӯйхат аввалин бошад, шумо бояд онро ҷудо кунед. Мо пешбурди сомона, инчунин идоракунӣ, мукаммалгардонии контент ва ғайраро пешниҳод менамоем.