ООО "Ребус"

Дар бораи ширкат

ҶДММ “Ребус”, ки таҳти нишони тиҷории ITIdeas фаъолият менамояд, бо хизматрасонии худкоркунонӣ ва аутсорсинг дар соҳаи ТИ машғул мебошад. Мо роҳҳои ҳалли муосир ва оддӣ пешниҳод мекунем, ки самаранокиро зиёд хароҷотро кам менамоянд. Дар асри техналогияҳои иттилоотӣ ва компютеркунонии глобалӣ тақрибан тамоми фаъолияти соҳибкории ҷаҳонӣ аз технологияи компютерӣ вобаста аст. Имрӯз чунин ширкатҳои соҳибкорӣ иконияти роҳи ҳалли дорои сифати аъло, арзон ва касбӣ доранд, ки он аз хизматрасонии техникаи компютери аз ҷониби мутахассисони соҳаи аутсорсинги ТИ иборат аст. Маҷмӯи хизматрасонии мо ба якчанд самт тақсим карда шудааст, ки ба он таҳвили таҷҳизоти офисӣ, аутсорсинги ТИ, машаваратдиҳӣ оид ба таҳияи дурусти мушаххасоти техникӣ ва ҳалли фаъолияти соҳибкорӣ, худкоркоркунонӣ ва таҳияи нармафзори фармоишӣ дохил мешаванд. Агар шумо нақшаи оғози фаъолияти соҳибкорӣ ва ташкили раванди дурусти кори кормандон дошта бошед, пас барои шумо лозим меояд, ки ба мутахассиси соҳаи ТИ муроҷиат намоед. Мо аз ҳамкорӣ бо шумо хушҳол мешавем.

Чаро ITIdeas?

ITIdeas як ширкатест, ки аз хайати мутахассисони баландихтисоси таҳияи нармафзор ва мутахассисони соҳаи аутсорсинги ТИ иборат буда, маҷмӯи хизматрасониҳои баландсифати ТИ дар бозори Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Усули ягонаи маҷмӯии мо дар тарҳсозӣ ва таҳияи маҳсулоти нармафзор ба мо имкон медиҳад, ки маҳсулоти навовариро бо зудӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок таҳия намоем, ки ба мушатриёни мо афзалиятҳои назарраси рақобатӣ дода ба онҳо аз истифодабарии имкониятҳои бефосила тағйирёбандаи бозори муосир мусоидат менамояд.