ООО "Ребус"

Таҳияи нармафрози амалӣ

Бо маблағ гузоштан дар барномаҳои литсензионӣ, шумо ба оянда эътимод пайдо намуда, дастгирии мутахассисонро соҳиб мешавед. Ҳоло барои бисёр ташкилотҳо, масъалаи гузариш ба таъминоти барномавии литсензионӣ ба миён меояд. Аксар вақт чунин мешавад, ки вақте роҳбарон мефаҳманд, ки барои харидани ҳамаи барномаҳое, ки дар компютерҳояшон насб шудаанд, чӣ қадар хароҷот хоҳад шуд, ё ин ақидаашонро тарк мекунанд ва вайронкунии қонунро идома медиҳанд, ё ин ки онҳо таъминкунандаро бо нархи пасттарин пайдо мекунанд ва ҳамаро аз ӯ харидорӣ мекунанд, ки билохира маблағҳои калонро сарф мекунанд. Мо тавсия медиҳем, ки ин масъаларо бодиққат баррасӣ кунед ва нақшаи харидории мувофиқи ТБ-ро интихоб кунед.

Аксарияти корбарон танҳо 10-20% функсияҳои таъминоти барномавие, ки дар компютерҳои онҳо насб шудаанд, истифода мебаранд, ин муқаррарӣ аст, агар шумо барои таъминоти барномавӣ пардохт накардед, аммо вақте савол дар бораи пардохт ба миён меояд, бояд фикр намуд, оё харидорӣ намудани ҳамин таъминоти барномавие, ки кормандони ширкати мо аз функсияҳои он истифода намебаранд, лозим аст? Масалан, бастаи барномаҳо барои офис MS Office дорои 8 варианти таҳвил мебошад, ки дар он маҷмӯи таъминоти барномавии гуногуни дар ин баста мавҷудбуда, ба назар мерасад. Ҳангоми харид, шумо бояд ҳатман ҳамон варианти таъминотро интихоб кунед, ки бароятон муносиб бошад. Ё шояд ҳалли алтернативӣ барои вазифаҳои шумо мувофиқ бошад, насби бастаи озод тақсимшудаи OpenOffice.org, тақрибан ҳамаи вазифаҳои MS Office-ро, ки ба корбари оддӣ зарур аст, таъмин менамояд ва ҳамзамон ба шумо ройгон ва комилан қонунӣ дастрас мегардад. Ба ҳамин тариқ, шумо бояд ба ҳама таъминоти барномавие, ки ташкилоти шумо истифода мебарад, муроҷиат кунед. Зеро тақрибан дар ҳама ҳолатҳо интихоби ҳалли алтернативии сарфакорона ё таҳвили варианти муносиби таъминоти барномавӣ имконпазир аст.

Мутахассисони ширкати мо метавонанд ба шумо дар бораи иҷозатномадиҳӣ машварат диҳанд ва дар ҳолати зарурӣ санҷиши таъминоти барномавиатонро мегузаронанд ва ҳалли мувофиқи онро интихоб мекунанд. Мо хоҳиши ҳамкории дарозмуддатро дорем , бинобар ин он чизе, ки барои мизоҷони мо муфид аст, барои мо ҳам муфид аст, ин мароми мост. Истифодаи таъминоти барномаҳо ба таври қонунӣ, торафт бештар ба мавзӯи эътибори соҳибкорон табдил меёбад. Литсензиякунонии таъминоти барномавиии истифодашуда, ин роҳхат ба доираи роҳбарони мутамаддине, ки тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ амал менамоянд, ба ҳисоб меравад. «Ман танҳо барномаҳои литсензиониро истифода мебарам» гуфта, шумо муосирӣ ва эътимоднокии ширкатро инъикос дода, ташвишро ба ташкили самараноки кори кормандон ва эҳтиром ба моликияти зеҳниро таъкид мекунед.