ООО "Ребус"
Санаи 12 -13 –уми октябр Kharkiv IT Cluster шарики конфронси Outsource People шуд, ки конфронси мазкур аз ҷониби ширкати Growthfactory дар меҳмонхонаи Ramada баргузор гардид. Дар ин конфронс беш аз 700 намояндаи олии ширкатҳои IT-и Украина иштирок намуданд. Дар байни онҳо аъзоёни он қисматҳо, ки на танҳо конфронсро ташкил карданд, балки маърӯзачиён ва иштирокчиёни чорабинӣ, низ ба назар мерасиданд.
Фонди Ҷамъиятии “Соҳибкорӣ ва Рушд” лоиҳаҳои хурд ва миёна дар Тоҷикистон, Покистон ва Қирғизистонро маблағгузорӣ мекунад. Аз сабаби шумораи зиёди лоиҳаҳо таҳлили пешрафти кори онҳо, аз ҷумла чӣ гуна рушд кардан ва буҷетро аз худ кардани онҳо душвор буд. Бо дарназардошти ин, мо як низоми мутамаркази вебро бо утоқи шахсӣ барои онҳо таҳия намудем, ки дар он кормандон лоиҳаҳои сармоягузориро ба қайд гирифта, фаъолияти онҳоро идора ва назорат карда метавонанд, инчунин ба соҳибони лоиҳа логин ва рамзро пешкаш менамоянд, то ин ки онҳо тавонанд ба воситаи барномаи мобилӣ равандҳоро дар фаъолияти худ ба қайд гиранд.
Чорабинии зикргардида дар таърихи 29-30-уми апрел дар шаҳри Гулистон баргузор гардид. Чӣ тавре ки ташкилдиҳандагон қайд намуданд, ин аввалин ҳакатон дар Тоҷикистон доир ба мавзӯи мазкур ба ҳисоб меравад. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 60 намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коршиносон ва мутахассисони соҳаи ВНМО, технологияҳои иттилоотӣ, намояндагони мақомотҳои давлатӣ, ВАО ва ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки санаи 26-27-уми апрел дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конгресси кардиологҳо ва терапевтони кишварҳои Осиё ва ИДМ дар мавзӯи “Мушкилоти актуалии бемориҳои қалбу рагҳои хунӣ ва ҷисмонӣ” баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 450 нафар ҳайатҳо, аз ҷумла 70 кардиологҳо ва терапевтон аз давлатҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.