ООО "Ребус"

Сохтори занони СММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шабакаи занони Тоҷикистон, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, ҳакатонро дар мавзӯи «Занҳо ва ВНМО» баргузор намуданд.

Чорабинии зикргардида дар таърихи 29-30-уми апрел дар шаҳри Гулистон баргузор гардид. Чӣ тавре ки ташкилдиҳандагон қайд намуданд, ин аввалин ҳакатон дар Тоҷикистон доир ба мавзӯи мазкур ба ҳисоб меравад. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 60 намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коршиносон ва мутахассисони соҳаи ВНМО, технологияҳои иттилоотӣ, намояндагони мақомотҳои давлатӣ, ВАО ва ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Иштирокчиён дар тӯли ду рӯз маҳсулотҳоро таҳия намуданд, ки минбаъд истифодаи онҳо нақши занонро дар мубориза алайҳи эпидемияи ВНМО афзун намуда, ҷиҳати беҳтаргардонии сифати ҳаёти занони гирифтори вируси мазкур, таъсироти нав мебахшад.

«Пешниҳодҳои зиёди ҷолиб ба назар мерасиданд, ки ба занони гирифтори бемории ВНМО дар худамалигардонӣ, дастгирӣ кардани онҳо дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва тағйир додани муносибати ҷомеа нисбати ин гуна занон кӯмак мерасонанд. Ба чорабинӣ на танҳо ашхосе, ки дар соҳаи ВНМО кор мекунанд, балки намояндагон аз дигар соҳаҳо низ, ки метавонанд нуқтаи назари худро иброз намоянд, даъват шуда буданд, ки амали хеле хуб мебошад, зеро назари нав дар ин самт хеле маъмул аст. Иштироки теъдоди зиёди занони гирифтори ВНМО дар чорабинии мазкур маро хело хушнуд намуд, зеро онҳо омодаанд, барои тағйирёбии муносибати ҷомеа нисбати онҳо ва дар маҷмӯъ ҷиҳати намоён намудани мушкилоти занони ВНМО саҳми худро гузоранд» -дарҷ намуд, узви ҳайати ҳакамон, намояндаи Шабакаи Авруосиёгии занон оид ба БПНМ- Алина Ярославская.

Вазифаҳо ба се қисмат тақсим шуданд, як супоришро ба се гурӯҳ супурданд. Дар интиҳои рӯзи дуюм, дастаҳо пешниҳодҳои худро пешкаш намуданд ва бо роҳи овоздиҳӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон ғолибон барои ҳар як супориш интихоб карда шуданд, ки инҳо ба ҳисоб мераванд:

  • Ташкил ва таҳияи нусхаи аслии (харитаи) сомона барои ташкилоти ҷамъиятие, ки бо мушкилоти «Занҳо ва ВНМО» машғул мебошад; ё тарҳи қуттичаи ташкилоти ҷамъиятии бо ВНМО сару кор дошта.
    • Ташкил ва таҳияи лоиҳаи Startup ҷиҳати беҳтаргардонии сифати зиндагии занони гирифтори эпидемияҳо.
    • Ташкил ва таҳияи равишҳои таъсирбахш барои коҳиш додани тамғагузорӣ ва поймолкунии ҳуқуқҳо: нусхаи аслии барномаи мобилӣ / лоиҳа / механизм.

Ҳамчун лоиҳаҳо дар ҳакатон веб-сомона оид ба мушкилоти заноне, ки бо ВНМО ҳаёт ба сар мебаранд, лоиҳаи Startup барои ташкил ва ё зиёд кардани имкониятҳои иқтисодии занон, инчунин дигар лоиҳаҳое, ки мақсади беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифат барои занони сироятшудаи ВНМО-ро доранд ва барномаҳои  таъсирбахш оид ба коҳиш додани тамғагузорӣ ва поймол кардани ҳуқуқҳо муаррифӣ гардиданд.

Алалхусус, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иқтисодии занони бо ВНМО сироятшуда, иштирокчиёни ҳакатон лоиҳаи ҳадафиро оид ба кушодани сомонаи “Имкони Кор” пешниҳод карданд. Сомонаи мазкур як навъи биржаи электронии меҳнатӣ, ки як қатор нигарониҳоро дар раванди бакортаъминкунии занони ба ВНМО сироятшуда аз байн хоҳад бурд. Дар лоиҳаи мазкур ғайр аз ҷузъи иқтисодӣ, диққати махсус ба нозукиҳои равонӣ дода шудааст. Бинобар ин сомона ҳамкориҳоро дар якчанд соҳаҳо бо худ пешкаш намуд, аз ҷумла, имконоти гирифтани терапияи ARV бидуни ҳузур дар марказҳои БПНМ..