ООО "Ребус"

Таҳия ва татбиқи системаи мутамаркази веб ва барномаи мобилӣ барои мушоҳида ва амалиёти сармоягузорӣ

Фонди Ҷамъиятии “Соҳибкорӣ ва Рушд” лоиҳаҳои хурд ва миёна дар Тоҷикистон, Покистон ва Қирғизистонро маблағгузорӣ мекунад. Аз сабаби шумораи зиёди лоиҳаҳо таҳлили пешрафти кори онҳо, аз ҷумла чӣ гуна рушд кардан ва буҷетро аз худ кардани онҳо душвор буд. Бо дарназардошти ин, мо як низоми мутамаркази вебро бо утоқи шахсӣ барои онҳо таҳия намудем, ки дар он кормандон лоиҳаҳои сармоягузориро ба қайд гирифта, фаъолияти онҳоро идора ва назорат карда метавонанд, инчунин ба соҳибони лоиҳа логин ва рамзро пешкаш менамоянд, то ин ки онҳо тавонанд ба воситаи барномаи мобилӣ равандҳоро дар фаъолияти худ ба қайд гиранд. Ҳамзамон, низоми ҳамаҷонибаи эҷоди нақшҳо ва таъини дастрасӣ таҳия карда шуд, ки дар он худи Мудир бидуни кӯмаки барномасоз метавонад нақш эҷод кунад ва ба ҳама сатҳи корбарон дастрасӣ диҳад (Менеҷери лоиҳа, Муаллим ва ғайра). Лоиҳаи мазкур кори кормандони фондро осон намуда, барои ба низом даровардани фаъолиятҳои лоиҳаҳо мусоидат кардааст. Барномаи мобилӣ, дар навбати худ, ба як асбоби муфид табдил ёфтааст, ки дар он соҳибони лоиҳа баҳисобгирӣ ва назорати фаъолияти худро тибқи хароҷот, даромадҳо, молия, хизматрасонӣ ва молҳо, фурӯш ва ғайра оғоз намудаанд.

Системаи оператсионӣ: LinuxDebian.

Таъминоти барномавӣ: Apache2Fale2banProFTPdSSHPHP YII2, Android,  СУБДMySQL.