Ғайр аз ин, гурӯҳи мо хазинаи маълумотҳо ва инчунин интерфейсҳои барои ҳамкорӣ дар тиҷорат, кор, хониш ва дигар эҳтиёҷот таҳия ва балоиҳагирӣ менамоянд. Хазинаи маълумотҳо ин ҷузъи ҷудонашавандаи ҳама гуна тиҷорати муваффақ мебошад, ки дар он тамоми иттилооти муҳим оид ба мизоҷон, молҳо, таҳвил ва ғайра нигоҳ дошта мешавад. Таъминоти барномавии махсус бошад, ҳамеша барои коркарди ин маълумотҳо, инчунин барои намудҳои дигари автоматикунонии кор дар компютер, дастгоҳҳои мобилӣ ва шабакаи Интернет ва дар шабакаҳои идораи маҳаллӣ лозим аст. Ҳар як хазинаи маълумотҳо беҳамто буда, тибқи талаботи муштарӣ ташкил карда мешавад. Воситаҳои асосии таҳияи хазинаи маълумотҳо MicrosoftAccess, Sqlite, Microsoft SQL Server, MySQL, PgSql, Oracle DB ва дигарон мебошанд.