ООО "Ребус"
 

Аутсорсинг ва дастгирии техникии лоиҳаҳо

Шартномаҳои муттафиқона дар тамоми ҷаҳон маъмуланд, вақте ки тамоми хадамоти инфрасохтори IT ба ширкати беруна супорида мешавад. Аммо дар таҷрибаи ҷаҳонӣ, хизматрасонии ниҳоятӣ, ҳангоми хадамоти мушаххаси IT ва вазифаҳои зерсохтори IT ба ширкати беруна супорида мешавад, бештар маъмул аст.

Ба шарофати аутсорсинги IT, ширкат метавонад арзиши тасарруфи низоми иттилоотии худро ба таври назаррас коҳиш диҳад. Ба туфайли аутсорсинги IT, метавон тақсимоти тамоми дороиҳои корхонаро муносиб намуд. Ҳамзамон, шартномае, ки бо ширкати аутсорсинги IT баста шудааст, кафолати боэътимод ҷиҳати кори системаи компютерӣ дуруст ба роҳ монад мешавад ва тамоми носозиҳо фавран ҳал карда мешаванд. Илова бар ин, ҳама ҷузъҳои нави таҷҳизотҳо ва барномаҳо оқилона ва босифат татбиқ карда мешаванд.

Ширкати “ITIDEAS” мудирияти сомонаҳоро пешниҳод менамояд (Веб аусорсинг).

Ҳолатҳое мавҷуданд, ки шумо мехоҳед сомонаро рушд диҳед, аммо касе нест, ки ин рушдро ба он боварӣ кунед, зеро ҳамаи кормандон бо корҳои шахсии худ машғуланд ва дар масъалаҳои Web соҳибихтисос нестанд. Шумо метавонед як шахсро ба кор гиред – вебмастер, ба ӯ вазифа диҳеду маош пардохт кунед. Аммо, на ҳама ширкатҳо буҷаи кофии музди меҳнат доранд, то ки мутахассиси хубро ба кор гиранд.

Ҳамзамон, кор дар сомона мухталиф буда, баъзан ба шумо лозим аст, ки модули онро ислоҳ намоед, матнҳоро ҷойгир кунед ва молҳоро илова намоед. Агар шумо ягон мутахассисро киро кунед, ин хизмати гаронбаҳо хоҳад буд ва агар шумо донишҷӯро киро кунед, эҳтимоли аз ӯҳдаи вазифаҳои мураккаб набаромадани ӯ вуҷуд дорад. Варианти дурусттарин ин хизматрасонӣ дар ширкате мебошад, ки дар он мутахассисони мухталиф бо арзишҳои гуногун ва сатҳҳои гуногуни омодагӣ мавҷуданд. Чунин шумораи кормандон барои ширкатҳои хурд ва миёна иҷозат дода нашудааст. Аммо бо пардохти ҳармоҳаи абонентӣ, шумо метавонед ҳамаи ин одамонро ҳамчун “хидмат” ба даст оред.

Шартҳои кори Веб-аусорсинг:

Шумо мегӯед, ки ба шумо чӣ лозим аст ва ширкат ҳамаи онро иҷро мекунад. Масъалаи муҳим ин арзиши хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад, ки он аз сомона – дар кадом  низоми идоракунӣ он ташкил карда шудааст, аз хостинг – хостингҳои беэътимод мутахассисонро водор месозанд, ки зуд-зуд ба дастгирии техникӣ ворид гарданд ва аз миқдори соатҳои корӣ вобастагӣ дорад. Мо ҳисобҳоро ба қадри имкон миёна ва ба ҳадди аксар содда намудем. Мо тибқи 3 тарофа фаъолият мекунем.

Нақшаҳои тарофавӣ:

Хизматрасониҳо/тарофаҳоИбтидоӣИттиҳодиявӣ Пешрафта
Ҷойгиркунонии мақолаҳои омодашуда дар як рӯз 61020
Ҷойгиркунонии мақолаҳои омода нашуда дар як рӯз 246
Хадамоти техникии сомона ҲаҲаҲа
Такмил, таҳрир, ва тозакунии рамзи html ҲаҲаҲа
Нусхагирии эҳтиётии пурраи сомона МоҳонаМоҳонаҲафтаина
Нусхагирии эҳтиётии мақолаҳо аз рӯи сана ва миқдор МоҳонаМоҳонаҲафтаина
Тартибдиҳии ҳисобот бо сомонаМоҳонаҲафтаинаҲафтаина
Ташкили шакли алоқаи баръакс ҲаҲаҲа
Иловаи гугл-харита бо мавқеъ ҲаҲаҲа
Тартибдиҳии эълонҳо барои сомонаҳои дигар НеҲаҲа
Бақайдгирии гурӯҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣНеНеҲа
Ҳалли мушкилоти мухталифи сомонаҲаҲаҲа
Нарх дар як моҳ (сомонӣ – бе назардошти ААИ)340653983

Айни ҳол дилхоҳ ширкат барои интернет, тоза кардани биноҳо, хизматрасонии муҳосибӣ маблағ пардохт мекунад, ки дар асл, хизматрасонии мо имконияти ҳалли вазифаҳои шуморо дар сомона бо маблағи каме амалӣ мегардонад. Ин амал фоиданок, қулай ва босамар аст. Худи ҳамин рӯз занг занед: + 992-44-625-38-18 (Аз соати 8:00 то 18:00). Мутахассисони мо ба Шумо дар мавриди ин ё он масъалаҳо машварат медиҳанд. Лаҳзаҳои асосиро ба дӯши худ гирифта, дарди сарро ба мутахассисон гузоред.

Хадамоти абонентии техникаи ташкилӣ

Хадамоти абонентии техникаи ташкилӣ фаъолияти устувор ва мунтазами идораи Шуморо бо хароҷоти муносиб таъмин мекунад. Ба шумо лозим нест, ки мудири системаро дар ҷои кор ҷиҳати хадамоти компютерҳо ва техникаи ташкилӣ нигоҳ доред. Мо хадамоти техникаи идоравиро бо нархҳои дастрас пешниҳод мекунем. Ба шумо танҳо пардохт кардани пардохти абонентӣ барои ҳар як компютере, ки дар идораи шумост, лозим аст. Мутахассисони IT ideas техникаи ташкилии Шуморо нигоҳ мекунанд.

Ҳангоми бастани шартнома бо мо, ба Шумо хизматҳои зерин дастрас мегарданд:
  • Корҳои профилактикии ҳармоҳаи техникаи ташкилӣ
  • Омада расидани таъҷилӣ дар ҳолати пайдоиши корношоямӣ
  • Сарфаи мавҷуда дар муқоиса ба даъват кардани устод ё нигоҳ доштани мудири системавии худ
  • Мавҷуд набудани мушкилот бо нарасидани кормандони штатӣ (бо сабаби беморӣ, сафари хизматӣ ё рухсатӣ).
  • Таъмини онлайни компютерӣ
  • Онлайн машваратҳо

Принсипи кори хизматрасонии абонентии техникаи ташкилӣ

Барои хадамоти техникаи ташкилӣ, Шумо тибқи 3 сабаб, метавонед ба мо бовар кунед: 1. Тамдиди мӯҳлати хидматрасонии техникаи ташкилӣ ба шарофати хизмати профилактикии мунтазам. Ҳамчун натиҷаи ихтисоркунии хароҷот барои таъмир ва хариди дастгоҳҳои нав мебошад. (Мутахассисони штатӣ бо сабаби доираи васеи вазифаҳое, ки бояд ҳаллу фасл карда шаванд ва набудани вақт, аксар вақт тавсияҳои истеҳсолкунандагони таҷҳизотро сарфи назар мекунанд ва ба мушкилот танҳо пас аз пайдоиши он вокуниш нишон медиҳанд, ки ин ба хароҷоти ноустуворӣ ва нолозим барои таъмир оварда мерасонад). 2. Барои таъмини таъмири босифат аксар вақт донистани нозукии таҷҳизоти мушаххас лозим аст. Агар барои ҳар як носозӣ ба хадамоти сервисӣ муроҷиат кунед, ба Шумо пули зиёд ва вақтро талаб мекунад. Ширкати ТИ “Ребус” Шуморо бо мутахассиси ботаҷриба таъмин мекунад, ки вазифаҳои гузошташуда ва дарди сари шуморо саривақт ва самаранок ҳаллу фасл мекунад. 3. Бо рушди ширкати шумо, кушодани филиалҳои нав ва зиёд шудани ҷойҳои корӣ, парки техникӣ ҳатман меафзояд, ки ба зиёд шудани сарборӣ ба шуъбаи техникӣ оварда мерасонад ва вақти вокунишро ба мушкилот бо таҷҳизот рухдода афзоиш медиҳад. Шумо бояд ё ба ин кор мутеъ гардед ва ё кормандони навро киро кунед. Дар ҳолати бо мо бастани шартнома оид ба хадамоти абонентӣ, аз ин мушкилот наҷот меёбед.

Дар доираи профилактикаи моҳона коршиносони мо эҳтиёҷоти хидматрасонии қисмҳои иловагии таҷҳизотро муайян мекунанд ва пешниҳодҳои мутобиқро таклиф менамоянд. Ғайр аз ин, бо дархости шумо, мо барои тавсеаи парки техникаи ташкилӣ  амал хоҳем кард (харидории таҷҳизоти ТИ, таҳвил ва пайвастшавӣ).

Арзиши хизматрасонӣ моҳона:

Техникаи ташкилӣ

Нарх $

1

Компютерҳои рӯимизӣ

12

2

Ноутбукҳо

12

3

Принтерҳо

12

4

Сканерҳо

12

5

Принтер\сканер\ксерокс (3 дар 1)

18

6

Ташхиси носозиҳо

ройгон

7

Лавозимот ва нархҳо дар прайс-лист