ООО "Ребус"
Фонди ҷамъиятии “Соҳибкорӣ ва рушд” (AccelerateProsperity)
Таҳия ва татбиқи системаи мутамаркази веб ва барномаи мобилӣ барои мушоҳида ва амалиёти сармоягузорӣ

Тавзеҳ: Фонди Ҷамъиятии “Соҳибкорӣ ва Рушд” лоиҳаҳои хурд ва миёна дар Тоҷикистон, Покистон ва Қирғизистонро маблағгузорӣ мекунад. Аз сабаби шумораи зиёди лоиҳаҳо таҳлили пешрафти кори онҳо, аз ҷумла чӣ гуна рушд каран ва буҷетро аз худ кардани онҳо душвор буд. Бо назардошти ин, мо як системаи мутамаркази вебро бо утоқи шахсӣ барои онҳо таҳия намудем, ки дар он кормандон лоиҳаҳои сармоягузориро ба қайд гирифта, фаъолияти онҳоро идора ва назорат карда метавонанд ва ба соҳибони лоиҳа логин ва рамзро пешкаш намоянд, то ин ки онҳо тавонанд ба воситаи барномаи мобилӣ равандҳоро дар фаъолияти худ ба қайд гиранд. Ҳамчунин, низоми ҳамаҷонибаи эҷоди нақшҳо ва таъини дастрасӣ таҳия карда шуд, ки дар он худи Мудир бидуни кӯмаки барномасоз метавонад нақш эҷод кунад ва ба ҳама сатҳи корбарон дастрасӣ диҳад (Менеҷери лоиҳа, Муаллим ва ғайра). Лоиҳаи мазкур кори кормандони фондро осон намуда, барои ба низом даровардани фаъолиятҳои лоиҳаҳо мусоидат кардааст. Барномаи мобилӣ, дар навбати худ, ба як асбоби муфид табдил ёфтааст, ки дар он соҳибони лоиҳа баҳисобгирӣ ва назорати фаъолияти худро тибқи хароҷот, даромадҳо, молия, хизматрасонӣ ва молҳо, фурӯш ва ғайра оғоз намудаанд.

Системаи оператсионӣ: LinuxDebian.
Таъминоти барномавӣ: Apache2, Fale2ban, ProFTPd, SSH, PHP YII2, Android, СУБДMySQL.

АВТОМАТӢ КАРДА ШУД:
✓ Утоқи кории кормандони Менеҷери лоиҳа, Муаллимон, Мудир;
✓ Ташкили нақшҳои серҳаракат ва азхудкунии онҳо ба профили корбарон;
✓ оҳибони лоиҳаҳо дар барномаи мобилӣ ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи маълумотҳо бо низоми серверии мутамаркази веб.
✓ Бақайдгирӣ ва кор бо функсияҳои фурӯши мол ва хизматрасонӣ, бақайдгирии воридоти молиявӣ, ҷадвали пардохти қарз, хароҷотҳо барои хариди ашёи хом, баҳисобгирӣ ва назорати музди маоши кормандони лоиҳа, даромаднокии лоиҳа.
✓ Гурӯҳбандӣ ва содироти маълумотҳо ба шакли Excel дар тамоми қисмҳои лоиҳа.
✓ Банақшагирии вохӯриҳо ва омӯзиш бо устодон бо хотиррасонии минбаъда.
✓Имконияти воридкунӣ ва тағйирдиҳии иттилооти маълумотнома.
✓ Ҳамоҳангсозии маълумотҳои барномаи мобилӣ бо низоми мутамаркази веб.
✓ Имконияти кори барномаи мобилӣ ҳам дар реҷаи онлайн ва ҳам дар реҷаи оффлайн дар муддати зиёд.

Барои ба даст овардани самаранокии кор ва ноил шудан ба ҳадафҳо, воситаҳое лозиманд, ки фаъолиятҳоро осонтар кунанд ва истифодаи ҳаррӯзаи онро имкон медиҳанд.